Дума қонуни бастани сомонаҳои "экстремистӣ" бидуни қарори додгоҳро баррасӣ дорад
     TJ RU EN
05:21 / 2024-12-20

Дума қонуни бастани сомонаҳои "экстремистӣ" бидуни қарори додгоҳро баррасӣ дорад

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд, ки дар сурати қабул шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иҷозат медиҳад, бидуни муроҷиат ба додгоҳ сомонаҳои "экстремистӣ"-ро банданд.

Барои бастани ин гуна сомона хулосаи танҳо як коршинос кофӣ аст. Муаллифони лоиҳа вакилони маҷлиси Бошқиристон ва вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби "Русияи воҳид" Рамзил Ишсарин ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия танҳо бо қарори додгоҳ бастани сомонаҳо имкон дорад. Роскомнадзор сомонаро баъди он ба Рӯйхати ягонаи маълумоти мамнуъ ворид мекунад, ки додгоҳи федеролӣ онро дар асоси дархости додситонӣ ё тафтишот "экстремистӣ" эълом кунад.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, тартиботи амалкунанда чандон корсоз нест. Зеро аз ошкор кардани сомонаи ифротгаро то бастани он хеле вақт мегузарад ва ин ба "қонуншиканҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти ғайриқонунии худро идома дода, ба он иштирокдорони навро ҷалб созанд".

https://www.centralasian.org/a/30841168.html?ltflags=mailer&fbclid=IwAR0NTj_9on5p7RR6mJvZD5zDa0y8jTgz_sIT4zMApNW3ozoZqxe6Kqaz0eE


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима